САЛТАНАТИ ГУМШУДАИ ШОҲЗОДАҲОИ ТОҶИК ДАР ПОКИСТОН
Дар асри 12 шоҳзодаҳои тоҷик дар қаламрави имрӯзаи Покистону Афғонистон як салтанати бузурге таъсис доданд, ки 300 сол вуҷуд дошт. Темуриён дар асри 15 ин салтанати тоҷикҳоро аз байн бурда, тоҷикони Покистонро қариб саросар қатли ом кардаанд.
Муаррихи зодаи минтақаи Шабиқадри ноҳияи Чорсадаи Покистон Ориф Ҳасан Охундзода дар мақолаи таҳқиқотие бо номи " The lost Tajiks of Pakistan ” ("Тоҷикҳои гумшудаи Покистон”) дар нашрияи " The Friday Times” таърихи як салтанати қадимаи тоҷикҳоро, ки 8 аср қабл, дар соли 1190 дар ҳудуди шимоли Покистон имрӯза ва шарқи Афғонистон таъсис ёфта бо номи "мамлакати габрҳо” ё "мамлакати гибор” маъруф буд, ба риштаи тасвир ва таҳқиқ кашидааст.
Охундзода менависад, номи ин салтанат, ки ба давлати сулолаи Ғуриҳо итоат мекард, баргирифта аз вожаи "габр” аст, ки арабҳо ба зардуштиҳои мусулмонношуда чунин хитоб мекарданд. Вале султонҳои "мамлакати гибор”, ба навиштаи Охундзода, мусалмон буданд, фақат инки сари риштаи аҷдоди худро аз Искандари Зулқарнайн – султони машҳури Юнони қадим – ва Куруши Кабир – асосгузори салтанти бузурги Эрони бостонӣ ҳисоб мекарданд.
Султонҳои "мамлакати гибор” дар таърих ба далели дар шаҳри Мангалури водии Свот ҷойгир шудани пойтахташон бо номи "султонҳои Свот” ва ба далели дастовардҳояшон дар тасарруфи сарзаминҳои нав ҳамчунин бо номи "султонҳои ҷаҳонгирӣ” маъруф будаанд.
Ориф Ҳасан Охундзода менависад, "мамлакати гибор” дар замони таъсисаш дар соли 1190 аз сӯи ду бародар – Султон Баҳром ва Султон Покҳол – идора мешуд. Ин ду султон ворисони хонаводаи подшоҳони тоҷике буданд, ки бар водии машҳури Печ дар вилояти Кунари Афғонистони имрӯза ҳукумат меронданд.
"Мамлакати гибор” бузургтарин қаламрави тобеи салтанати Ғуриҳо ва салтанати баъдии темуриёни Ҳинд шумурда мешуд. Қаламрави он аз Кобулу кӯҳҳои Ҳиндукуш то Қароқурум ва дарёи Желум доман густурда буд. Охунзода менависад, аз ҳудуди имрӯзаи Покитсон минтақаҳои Боҷаур, Мӯҳманд, Хайбар, Куррам, Дир, Читрол, Балур (Гилгит), Кӯҳистон, Свот, Бунер, Малоканд ва водии Пешовар ва ҳамин тавр, дар соҳили чапи рӯди Ҳинд минтақаҳои Чорсада, мардон, Сваби, қаламравҳои ҳазоранишин тобеи ин салтанати тоҷикҳо будаанд. Аз ҳудуди Афғонистони имрӯза минтақаҳои воқеъ дар ғарби кӯҳҳои Сулаймон – Кобул, Каписо Лағмон, Кунап, Бадахшон, Нангарҳор ва Луғар низ, ба навиштаи Охундзода, то замони юриши Амир Темури ланг низ ҳама ба қаламрави зери дасти шоҳзодаи тоҷик аз "мамлакати гибор” медаромаданд.
ХАРИТАИ ДАВЛАТИ ТОҶИКҲОИ ПОКИСТОН:
Охундзода менависад, Султон Баҳром пойтахташро дар рустои Папин дар зери Сафедкӯҳ (Спин Ғор) дар Нангарҳор дуруст карда буд. Аммо бародари ӯ Султон Покҳол шаҳри Мангалур дар водии Свот дар он сӯи рӯди Желумро ба ҳайси пойтахт интихоб карда буд. Вақте Султон Баҳром бармаҳал аз дунё рафт, байни писарони вай барои тахту тоҷ бародаркушӣ сар шуд. Султон Покҳол маҷбур шуд, бо бародарзодаҳояш ба хотири барқарор кардани тартибот вориди ҷанг шавад. Баъди фурӯ нишондани ошӯбҳо Султон Покҳол ҳокими ягонаи "мамлакати гибор” шуд ва пойтахтро комилан ба Мангалур кӯчонд.
Дар соли 1342 султони гиборӣ Шоҳ Мир, ки баъдҳо номи Султон Шамсуддинро гирифт, минтақаи Кашмири Ҳиндро низ шомили қаламрави мамлакати худ кард. Дар замони Султон Шамсуддин "мамлакати гибор” комилан мустақил шуда, ба шарафи Султон Покҳол (Sultan Pakhal) номи Поклӣ Саркор (Pakhli Sarkar)-ро гирифт. Ин мамлакатро ҳамчунин салтанати Свот ном мебурданд. Ин салтанат батадриҷ ҳама қаламрави салтанати қаблии Гандҳараро, ки давлати қадимаи паштуҳо шумурда мешавад, фаро гирифтааст.
Ориф Ҳасан Охундзода менависад, дини Исломро ба Гандҳара Султон Маҳмуди Ғазнавӣ овард, вале ин дин дар ин қаламрав маҳз дар даврони шоҳзодаҳои тоҷик реша давонд.Муаррих аз ҷумла аз Мир Саид Алӣ Ҳамадонӣ ситоиш карда, гуфтааст, ки "Ҳамадонӣ як намояндаи мӯътамади султонҳои ҷаҳонгири Свот буд ва Исломро дар Кашмир ӯ ҷорӣ кард.”
Дар соли 1398 Амир Темури Ланг сарзаминҳои ҳазоранишини канори рӯди Гангро ишғол карда, дар ин қисмати қаламрави салтанати шоҳзодаҳои тоҷик салтанати наверо бо номи "Поклӣ – Ҳазора” бунёд гузошт. Баъди юриши Темур қаламрави салтанати тоҷикҳо бо минтақаҳои Боҷаур, Дир, Читрол, Гилгит, Свот, Бунер, Малоканд, кӯҳистон ва водии Пешовар маҳдуд шуда, ба 4 вилояти Боҷаур, Свот, Бунер ва Ҳаштнигор тақсим шуд.
Дар соли 1519 Заҳириддин Бобур (дар акс) дар роҳи фатҳи Ҳинд салтанати Поклӣ Саркорро низ тасарруф кард. Соли 1586 набераи Бобур – Султон Акбар Кашмирро ҳам таҳти итоати салтанати Темуриёни Ҳинд даровард. Бобур ибтидо ба қалъаи Қила дар Боҷаур ҳамла карда, волии Боҷаур Малик Ҳайдар Алӣ Гибориро кушт ва баъди тасарруфи қалъа беш аз 3000 сокиннашро қатли ом кард. Бобур сипас бо эҷоди тавтиа волии Ҳаштнигор Мир Ҳиндо Деқонро аз тахт барканор кард ва бо ҳамин салтанати шоҳзодаҳои тоҷик дар Покистон тақрибан поён ёфт.
Охундзода менависад, Темуриҳо дар ин сарзаминҳо қабилаҳои пашту аз қабилаи юсуфзайро макон доданд ва тоҷикҳои муқими ин минтақа, ки ҳамчун тоҷикҳои шалмонӣ ё тироҳӣ маъруфанд, аз сӯи темуриҳо, ба хусус аз ҷониби Мирзо Улуғбек, ки амаки Бобур ва волии Кобул буд, қатли ом шуданд ва онҳое ки ҷон ба саломат бурданд, ба минтақаҳои кӯҳистонӣ паноҳ оварданд.
Муаррихи покистонӣ менависад, тоҷикҳои бозмонда аз "мамлакати гибор” то ҳол дар Покистон ҳастанд, ки бо забони "ҳиндко” ҳарф мезананд ва онҳоро "свотӣ” мегӯянд. Ориф Ҳасан Охундзода дар хулосаи матлабаш меафзояд, ки ҳарчанд тоҷикҳои Покистон дар байни паштуҳо ҳазм ё "гум” шуданд, вале таҳқиқоти анҷомшуда ва ҳатто ташхисҳои генетикӣ нишон медиҳанд, ки бархе қабилаҳои пашту, аз ҷумла қабилаҳои саробонӣ ва қабилаи ғалчӣ решаҳои рӯшани тоҷикӣ доранд ва зоҳиран бозмондаҳои он тоҷикҳои шалмонианд, ки дар 8 аср қабл дар ҳудуди Покистони имрӯза як салтанати бузурги шоҳзодаҳои тоҷикро бунёд карда буданд.