. (3.03.2012) Сарвиноз Юсуфи: Хушбахтии комили зан дар оилаи ободи уст.
(3.03.2012) Сарвиноз Юсуфи: Хушбахтии комили зан дар оилаи ободи уст.

(3.03.2012) Сарвиноз Юсуфи: Хушбахтии комили зан дар оилаи ободи уст.

Сарвиноз Юсуфи 25 октябри соли 1982 дар ш. Вахдат ба дунё омада, мактаби №3-ро хатм намудааст. Хамчунин хатмкардаи Донишгохи давлатии тичоратии Точикистон аст. Духтарчае дорад бо номи Хумор. Бо хохишу дархостхои бешумори хонандагони хафтаномаамон вакте ба хунарманди хушсалика Сарвиноз Юсуфи занг задам, у аз ман хохиш кард, ки саволхои оддию забонзадаро намеписандад ва бояд сухбати гайриоддие анчом дихем. Аз ин хотир тасмим гирифтам бо Сарвиноз саволхои гайримукаррари дода чавобхои пухтаю самими бигирам.

Дах савол ва посухи Сарвиноз:

-Як кори хайре, ки мехохед то синни 40-солаги анчом дихед?

-Мехохам аввал падару модарам ва сипас худам ба зиёрати Каъбатулло биравем. Албатта ин кори хайрро то чилсолаги неву хатто пештар аз он анчом додан мехохам , то ки карзи фарзандии хешро назди волидонам ба ичро расонам.

-Ду одате, ки аз он наметавонед халос шуда?

-Зудбовариву содадилиамро наметавонам тагйир дода.

-Се рафторе, ки хеч гох онро руйи сахна анчом намедихед?

-Ин яъне бехурмати, кибру гурур ва худписанди аст, ки хеч як инсонро намезебад ва хоси мардуми Шарк нест.

-Чор хунарманде, ки шуморо пеш аз хама писанд хастанд?

-Аз санъаткорони точик Мухаррама Шарипова, хунармандони зиндаёд Нигина Раупова, Дустмурод Алиев, ва аз хоричихо хонум Гугуш хамеша маро бо садои худ мафтун мекарданду мекунанд.

-Панч харфе, ки хамеша вирди забони шумост?

— Ин калимахо яъне: “Худо хохад”, “Насиб”, “Худоро шукр”, “ Модар” ва “Ватан” мебошанд.

— Шаш панде, ки шуморо аз волидон ба мерос расидааст?

-Мисли хамаи волидон онхо низ ба ман хамеша панд медоданд, ки ростгу бош, хурмати калонсолонро ба чо биёр, покизарузгор шав, барои бахт талош намо, хоксору фурутан бош ва сухани хешро дар хама чо дониста гуй.

-Хафт суруде, ки калби шуморо таскинбахшанда аст?

-Асосан чунин сурудхо хеле зиёданд, вале суруде, ки ба дилам наздик аст ин: “Аз ту хабар нест”- и Нигина Амонкулова, ду таронаи фалакии Нигина Раупова, “Агар тирам ба сар борад” ва “Бимон ман мираму ту човидон мони”-и Дустмурод Алиев, “Дар бистари ашк” ва “Дустон, баски харобам”-и Фарходи Одина, инчунин суруди “Чи хуби будану рафтан”-и Гугуш

-Хашт хислате, ки зебандаи бонувон аст?

-Хамаи хислатхои хамидаи инсони бонувонро зебанда аст, вале нармгуфтори, хоксори, оромтабиати, садокатманди, хушрузгори, росткавли, рамузфахми ва тезкори занонро аз будашон зеботару чаззобтар хохад кард.

-Нух орзуе, ки дар дил мепарваред?

-Орзухо хеле зиёданд ба мисли : дар Кохи Борбад намоиш додани консерт, бо марди бомаърифату вафодоре барпо кардани оилаи хубу солим, сохиби кулбаи худ будан, тарбияти фарзандони солеху фарзона ва сохибмаълумот кардани онхо, дар чодаи хунар муваффактар будан, махбуби дили мардум будан, аз руйи имконият дастгири намудани ниёзмандону бекасон, инчунин дар оянда ба хотири фардо ба тичорат машгул будан.

-Дах дусти бехтарини шумо?

-Ман дустони хеле зиёд дорам ва наметавонам танхо ин шумораи гуфтаатонро номбар кунам. Агар танхо дах нафарро ном гирам, фикр мекунам садхо нафари дигарашон, ки маро дустони содику вафодору дастгир хастанд, мемонанд. Барои буданашон аз Худочон шукрона мекунам.

Ва саволхои дигар

-Ба андешаи Шумо оё барои хунарманд унвону чоизахо заруранд?

-Бале, ин як намуди эхтироми хунар аст ба фикри ман. Он боис мешавад, ки кас хунару касби хешро эхтиром кунад ва масъулияташ бештар гардад. Моро дар арафаи чашнхо вазири мухтарами ВКД Каххоров А. кадрдони мекунанд. Маро низ бо Ифтихорномаву ва медали чашни 85-солагии милитсия сазовор донистанд.

-Бештар ба чи ниёз доред?

-Хар як бонуи хунарманд ниёз ба дастгириву гамхори дорад, ман хам. Ин нуктаро ба назар гирифта имруз дар гурухи овозадори “Сипар”-и ВКД хунарманди маъруф, устоди арчманд Умар Зиёев хар яки мо духтаронро дастгиру маслихатгаранд.

— Дили ранчидаи азизи дилатонро бо чи ба даст меоред?

-Бо харфхои мехрубони

-Хушбахтии комил барои зан чи аст?

-Сохиби оилаи ободу фарзандони неку баинсоф буданаш барои хар як зан хушбахтии комил аст.

-Кадом зангхои телефони шуморо хаста месозанд?

-Зангхои он нафароне, ки худро мухлис муаррифи намуда харфхои номухлисона мезананд.

-Барои тахияи албоматон сарпарасте доред?

-Не, сарпараст надорам, мехохам танхо такя ба Худованди бузург кунам ва бо куввати худ албоми нахустини хешро тахия сохта пешкаши хаводоронам гардонам.

📎📎📎📎📎📎📎📎📎📎