. ИДОМАИ ШОИРҶАНГ: ПОСУХИ ИТТИФОҚИ НАВИСАНДАГОН БА ДУ ШОИРИ ИСЁНГАР
ИДОМАИ ШОИРҶАНГ: ПОСУХИ ИТТИФОҚИ НАВИСАНДАГОН БА ДУ ШОИРИ ИСЁНГАР

ИДОМАИ ШОИРҶАНГ: ПОСУХИ ИТТИФОҚИ НАВИСАНДАГОН БА ДУ ШОИРИ ИСЁНГАР

"Ҳабибулло Нозирӣ беш аз 40 сол боз хомафарсоӣ мекунад, вале маҳсули «эҷодиёташ» чанд пораи ҳавоиву беҳадафи манзум асту бас. Ӯ натанҳо аз табъу завқи ибтидоии адабӣ, аз мантиқу таносубу маънӣ фарсахҳо дур аст, балки вазну қофияро ҳам намедонаду саводи оддии беғалатнависӣ ҳам надорад. ”

Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар поёни моҳи декабр шоири шинохта Ҳабибулло Нозирӣ, муаллифи матни таронаҳои пуршуҳрати Кароматуллоҳи Қурбон, аз ҷумла "Ин шаҳр ки олудаи борони баҳор аст” ва "Рақс бикун, ҷоно”, ва шоиру адиби шинохта Гули Зардро аз узвияти ин созмони адабӣ хориҷ кард. Ҳабибулло Нозирӣ ва Гули Зард дар пайи интиқодҳояшон аз роҳбарони кунунии Иттифоқи нависандагон, бахусус раисаш Низом Қосим ба чунин шеваи шадид ҷазо дода шуданд.

Ҳабибулло Нозирӣ ва Гули Зард баъди ихроҷашон аз Иттифоқи нависандагон дар саҳифаҳои худ бо Фейсбук бо нашри матлабҳои алоҳидаи интиқодӣ бо номи "Нақра на-най, на-най, на-най…” (аз Ҳабибулло Нозирӣ) ва "Танқид кардему дар бало мондем” (аз Гули Зард) тасмими Иттифоқи нависандагонро интиқомҷӯӣ номида, ба боди танқиду масхара кашиданд.

Сомонаи "Ахбор” вокуниши Ҳабибулло Нозирӣ ва Гули Зардро дар матлаби " НАҚРА НАНАЙ, НАНАЙ, НАНАЙ. ИДОМАИ ҶАНҶОЛ ДАР ИТТИФОҚИ НАВИСАНДАГОН ” нашр кард.

Ҳама фикр карда буданд, ки моҷаро бо ҳамин тамом шуд ва ҳама ба роҳи худ рафт. Аммо маълум мешавад ки не. Шӯроҳои наср ва нақди адабии Иттифоқи нависандагон зоҳиран дар посух ба он матолиби "худоҳофизӣ”-и Ҳабибулло Нозирӣ ва Гули Зард осори ҳардуро ба риштаи "нақд” кашидааст, ки бештар ба хӯрдагирӣ мемонад, то ба як нақди адабии холисона.

Матни ин ду "нақд” ба дасти сомонаи "Ахбор” расид, ки инҷо ҳардуро чоп мекунем ва қазоватро ба дасти хонандагон месупорем.

Мушт – намунаи хирвор

Ҳабибулло Нозирӣ беш аз 40 сол боз хомафарсоӣ мекунад, вале маҳсули «эҷодиёташ» чанд пораи ҳавоиву беҳадафи манзум ва чанд ба ном дубайтии тақлиди рӯиросту урёни Бобо Тоҳири Урён асту бас. Аз мисолҳо бармеояд, ки ӯ натанҳо аз табъу завқи ибтидоии адабӣ, аз мантиқу таносубу маънӣ фарсахҳо дур аст, балки вазну қофияро ҳам намедонаду саводи оддии беғалатнависӣ ҳам надорад. Тақриз ба навиштаҳои Ҳ.Нозирӣ дар нашрияи ИН чоп шуд ва мо барои дубора ба хонанда бор накардани таҳлилу муҳокимаҳои зиёд аз нашри дубораи он худдорӣ намуда, танҳо мисолҳоеро манзур менамоем, ки сатҳу савияи эҷоди ӯро равшан нишон медиҳанд. Ҳ.Нозирӣ такрор ба такрор изҳор кардааст, ки пири маънавиаш Карим-Девона аст. Дар ҳақиқат, аз навиштаҳояш маълум аст, ки дар роҳи омӯзишу илҳом дармонда, ҷуз маҷмӯаи он шоири шӯридаи мардумӣ дигар ба китобе назари лутф надӯхтааст. Унвони обшустаи навиштаи пурдаъвояш далели ин аст. Таваҷҷуҳ кунед ба намунаҳо (имлои муаллиф нигоҳ дошта мешавад, то сатҳу саводаш маълум бошад):

Дар базми харон харигарӣ ёд нашуд,

Ман хар набудам чу доду фарёд нашуд!

Ёри ман хам картабозӣ мекунад,

Картаро нодида бозӣ мекунад…

Ёри ман чун картабозӣ мекунад,

Дар миёни карта бозӣ мекунад.

Хастии мо ончунон озурда дорад ёди кас,

Дар чунину дар чунон шояд, ки Инсон будаем.

Аз ману ту чун сухан ояд сухан ҷон асту хаст,

Хастиро дар хаст дида, мо Мусулмон будаем.

Сад арза хайма дорад, сар то сари вуҷудам,

Харфе бурун наояд чун дар вуҷуд набошад.

Моро чи чои шубха он шубха худ набошад,

Ин нолае,ки дорам банди суруд набошад.

Чун бар касе нагуфта аз догу ҳасрати худ,

Дар ҷони одамият сад шеваи хари аст.

Ҳарчанд дилбари ман оростае набуда,

Аммо ба чашми Маҷнун Лайлоякаш пари аст.

Дарди саре,ки дорам ин дарди бесари аст,

Чун тифли бепарастор, ин дарди хутсари аст.

Туро гам мехурад аз безабони,

Гами ман мешавад аз шоди афзун.

Чу дидам номусулмоне қадам монд,

Ба даргохи ман аз дунёи сарди.

Дарего, ман забон барбаста будам,

Вале ту он замон аккос кардӣ.

Дар он як лаҳза гӯё кӯру кар буд,

Тамоми ҳастиям чун миллати ман.

Чу лаб накшодаму дунё раҳо рафт,

Маро мекушад охир иллати ман.

Чакиди чониби хар кас ту бесуд,

Аё хангомапардоз, эй саги ман.

Ба сӯи ман бичак з-ин баъд танхо…

Харчанд ҷои узре чун бехудо набошад,

Бошад набошад инсон, хамрохи мо набошад.

Ин даргоҳи Худоро бо ҷону дил бипайванд,

Чун дарди одамиро бе ҷон даво набошад.

Хамзоди гамхо гаштаам, дар хуни шабхо гаштаам.

Гуфтам: макан ин лоларо, ин духтари кинголаро,

Гуфто: ки хар нозандае дар чанги мардак мезана.

Гуфтам: ки эй хусни замон пеш-о, ки огушат кунам,

Вар-не ба сахрои дилам, гулхои зардак мезана.

Чун абр сарсон мешава, чун барк рахшон мешава,

Вакте ки лабхои маро бар сина нармак мезана.

Гамбоди хавасхо маро нолаву шӯрест,

Чун абри баҳорам, ки ба парвоз бигирям.

Ин киссаи мо аввалу анҷом надорад,

Бодо,ки ба ёд ояду пурноз бигирям.

Айёми бахор асту чаман чамбари гулхост,

З-он дастагул як гули рухсор надорам.

Ба сафхаи дил рози дили хеш набиштам,

Чун мӯкалами мохаму осор надорам.

Шармест дар ин шӯру шарар бо гами дилхо,

Шахсе ба дилу дидаи дилдор надорам.

Эй тулӯи бомдоди боз-о бар хонаам,

Дог-догам ончуноне барфишури хинаро.

Субхро бингар, ки аз рӯйи вафодории хеш,

Мекашад аз гӯри шаб он хӯшаи парвинаро…

Бандии хасрат намудам решаҳои кинаро.

Оне, киякҷо мешавад, аз ҷо беҷо мешавад,

Ай ҷой бечо чун шавад, баргашта якчо мешавад.

Ин киссаи буду набуд, бар умри мо дорад шабах,

Розу ниёзи одами гумгашта пайдо мешавад.

Таърихро бикшову бин, ин гуфтаи носуфтаро,

Онро, ки бечо дидаи, баргашта якчо мешавад.

Мавлои мавлонои ман ҳар руз пайдо мешавад,

Бо нури хуршеди барин дар субҳ якҷо мешавад.

Донам, ки хар бинандае ӯро набинад чу ман,

Ман дида гуям акси ӯ нодида бино мешавад…

Донам, ки насли одами побанди одам гаштааст,

Асрори Ҳақ дар синааш чун хоби руъё мешавад.

Мавлои мавлонои ман ҳар рӯз пайдо мешавад,

Байни замину осмон як лахза гӯё мешавад.

Дар ин дунё Карим-Девонае буд,

Аҷаб як шоири бехонае буд.

Ватандорон чу дардаш мешуниданд,

Хироҷи ҳасраташ афсонае буд.

Бигӯ паймони мардонро ки дора?

Вафои дӯстдоронро ки дора?

Ба монанди Карим-Девона хар ҷо,

Хавои боду боронро ки дора?

Чизе, ки Ҳ.Нозириро ин қадар «машҳур» ва ин қадар худдонаму пурдаъво кардааст, таронаҳои овозхони пуровоза Кароматулло Қурбон бар матнҳои ӯст, вале як чиз мусаллам аст, ки агар навоҳои марғубу садои дилошӯби шодравонро бигирем, матнҳое мемонад содалавҳона, бемаънӣ ва бемантиқу подарҳаво чун намунаҳои пешниҳодшуда.

Шӯроҳои наср ва нақди адабии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон

Талхиҳои "Бодоми шириндона”

Китоби и «Бодоми шириндона»‑и Гули Зард соли 2007 аз тари қ и нашриёти « Э ҷ од” ба табъ расидааст. Маълумоти к ӯ то ҳ , ки ба қ алами му ҳ аррир ё муаллиф тааллу қ доштанаш равшан нест, г ӯ ё қ аблан хонандаро аз сифати асар ого ҳ мекунад. Аз ҷ умла, дар он навишта шудааст: ”Дар ма ҷ м ӯ а ша ҳ ди сухани оши қ , поси намаки д ӯ стиву бародархондаг ӣ , рав ғ ани чашми падару модар ва хо ҳ ару бародар, ма ҳ камии ихлосу имон, ба як маън ӣ зиндаг ӣ ме ҷӯ шаду исён мекунад. Ма ҷ м ӯ а иборат аз ҳ икоётест, ки бо ҳ ам пайванди р ӯҳ ониву маънав ӣ доранд”. Ли ҳ озо хонанда ҳ айрон мешавад, ч ӣ тавр он чи ҳ о, ки номбар шудаанд, исён мекунанд? Гузашта аз ин, исён кардани рав ғ ани чашми падару модар ва хо ҳ ару бародар ба дарки хонанда ҳ е ҷ дарнамеояд.

Дар маълумотнома китобро ма ҷ м ӯ аи ҳ икоёт номидаанд, аммо болотар ва дар са ҳ ифаи аввал жанри он " қ исса дар ҳ икоя ҳ о” эълон шудааст. Агар с ӣ ‑чил са ҳ ифа бихон ӣ , мефа ҳ м ӣ , ки муаллиф ҳ а қ и қ атан ҳ ам ба қ исса дар ҳ икоя ҳ о будани асараш иддио дорад. Ва агар то охир хон ӣ , я қ ин мекун ӣ , ки асар ба жанри номбурда ҳ е ҷ мутоби қ ат намекунад.

"Бодоми шириндона” бо як са ҳ наи фа ҳ ш шур ӯ ъ мегардад:

"Зани зебои сафедп ӯ ст ва марди гандумранг дар бистари тозаву гарм чун нилуфари ма ҳ тоб ӣ ба ҳ ам печида, масти шукуфо ӣ буданд ва парвои одам, балки олам надоштанд. Зан сари зебои худро ба санду қ и синаи қ авии д ӯ стдоштааш гузошта, ӯ ро чун дур ҷ и мушк б ӯ й мекашид. ” (3)

Ин са ҳ на севуним са ҳ ифаро дар бар мегирад. Аз ҷ умла:

"Зу ҳ айл чашмонашро кушода, санду қ и синаи д ӯ стдоштаашро б ӯ саборон кард. Ӯ ҳ ал қ аи дастонашро э ҳ тиёткорона аз даври миёни Ш ӯҳ рат бикшода , бо зан ҷ ираи ангуштони нозуку зебои дарозаш ба гардани ӯ бипечид . Дастони Зу ҳ айл дар гардани Ш ӯҳ рат дар обшори м ӯ й ҳ ои ӯ мела ғ жиданд ва лабонаш лаб ҳ ои д ӯ стдоштаашро мемакиданд. Аз чизе шарм намедошт. Барояш ин ла ҳ за умуман сар ҳ адди шарму ҳ аё ву ҷ уд надошт. Ӯ тану нафсашро пурра бахшида буд ва аз тарафи ин мард қ абул гардида ”. (4‑5)

Дар са ҳ ифаи 7 маълум мешавад, ки муаллиф саволро аз хитоб фар қ намекунад:

"Ба зарби тапиши дил тоб наоварда, р ӯ ба осмон карду пурсид:

‑‑Худоё, як умр ман дар ҷ ойи дуввум ё савум будам. Бо а қ ли расо, ҳ усну ҷ амол ва забони буррову дили г ӯ ё ҳ аргиз бахтам надод ӣ ! Умрам гузашту маро лои қ и либоси ар ӯ с ӣ надид ӣ . ”

Зу ҳ айл қ а ҳ рамони марказии асар ва, аз ниго ҳ и муаллиф, қ а ҳ рамони мусбат аст. Зу ҳ айл медонад, ки Ш ӯҳ рат ду зан дорад, аммо бо вай иш қ меварзад ва ба ин хотир сезанагиву чорзанагиро ҳ а қ мебарорад. Муаллиф аз номи вай ин амали зиддиқонуниро тар ғ иб мекунад:

"Маънии и ҷ озат ба чор зан гирифтани мардонро дар шариати ислом акнун фа ҳ мидам. Марди дар ҳ а қ и қ ат баномус як занашро дар сари як китф, дигарашро дар сари китфи дигар ҷ о меди ҳ ад. Сеюмиро ба о ғӯ ш ва чорумашро бар д ӯ ш гирифта, ҳ амаи он ҳ оро баробар мех ӯ ронаду меп ӯ шонад ва ҳ амаашонро хушбахт мегардонад”. (8)

Зан ҳ ое, ки ба болои чанд зани дигар зани марди "баномус” мешаванд, аз ниго ҳ и муаллиф баа қ лу бафазланд:

"Тан ҳ о зани о қ ил хушбахт шуда метавонад. Ӯ бо асаб ҳ ои орому а қ ли расо ҳ ама масъала ҳ ои ҳ аёташро дар тарозуи адл бармекашад ва қ арори дурустро интихоб мекунад. Ба ғ айр аз ин, тан ҳ о зани о қ ил метавонад ҳ амсарони дигари шав ҳ арашро самимона д ӯ ст дорад, он ҳ оро қ адршинос ӣ намояд, ба ҳ узурашон эътибор нади ҳ ад. Умуман ин тоифа занон ба қ онун ҳ ои нонавишта, вале маълуму маъмули зиндаг ӣ итоат мекунанд. Яъне ҳ ар касе, ки ҳ амсарашонро д ӯ ст дорад, он ҳ о низ ӯ ро д ӯ ст медоранд. Ин зан ҳ о аз ҷ абру ситам ва ме ҳ нат наметарсанд. Он ҳ о барои шахси д ӯ стдоштаашон чун фидо ӣ метавонанд наандешида ба обу оташ дароянд”. (9)

Ш ӯҳ рат бо ву ҷ уди он ки ду зан дорад, боз бо дигар зан ҳ о ҳ амхобаг ӣ мекунад. Зу ҳ айл ҳ амин гуна мардонеро, ки якчанд зан доранду маъшу қ абоз ӣ ҳ ам мекунанд, марди ҳ а қ и қӣ меномад. Ҳ атто боре дар о ғӯ ши ин гуна мард будани зан ҳ о м ӯҷ иби фахри он ҳ ост:

"Марди ҳ а қ и қӣ метавонад яку якбора чанд занро хушбахт гардонад, охир зан ҳ ои сиё ҳ бахт дар дунё ин қ адар бисёранд. Бигзор Ш ӯҳ рати ман низ дасти якеро бигирад. Шарт нест, ки аз мо ҷ авонтару зеботареро ёбад. Бе ҳ тараш бевазани як ё ду к ӯ дак дошта ё зани дар зиндаг ӣ ро ҳ гумкардаеро ёбад. Ӯ ро бо ятимонаш парастор ӣ кунад, ба ро ҳ и рост ҳ идоят намояд. Ин корро ҳ ама дастгир ӣ хо ҳ анд кард. Боре аз зане шунидам, ки мегуфт:

‑‑Ифтихор мекунам, зеро ла ҳ зае бошад ҳ ам, ёри он мард будам!

Дар ҳ айрат афтодаму аз худ пурсидам:

‑‑ Ӯ ч ӣ гуна мард бошад, ки боиси ифтихори ин зан гардидааст?

Баъд аз шиносо ӣ бо Ш ӯҳ рат маънии дурусти сухан ҳ ои он занро фа ҳ мидам”. (10‑11)

Дар вох ӯ рии аввалини тасодуф ӣ Зу ҳ айл ва Ш ӯҳ рат ба ҳ ам майл пайдо мекунанд. Он ҳ о то ин ва қ т якдигарро надидаанд, аммо аллакай ниго ҳ ашон "ташнаи зор”‑и якдигар аст:

"Ду ниго ҳ ба ҳ ам барх ӯ рданд. Ду ниго ҳ и пур аз асрор, ду ниго ҳ и ташнаи зор ё аз чизе афгор. Ин ду ниго ҳ и бегонаи бо ҳ ам ошно дар қ аъри чашмони якдигар дармонданд”. (14)

Муаллиф Зу ҳ айлро бе ҳ ад ташнаи мард ба тасвир меорад: "Аз дидани р ӯ и ин ҷ авонмард дили Зу ҳ айл та ҳ кашида, сараш чарх зад” (15). Г ӯ иё то ин дам ҳ е ҷ мардро надида бошад.

Дар охир "Зу ҳ айл ба р ӯ и ҳ амс ӯҳ баташ ниго ҳ накарда, хам шуд ва аз даруни мошин китоберо бо номи " Ҳ адя” ба ӯ дод ва гуфт:

‑‑Баъзе қ исса ҳ ои ин китоб дар бораи мананд. Муаллифи китоб шиносам аст. Ӯ маро қ а ҳ рамони бархе аз қ исса ҳ ояш қ арор додааст.” (15)

Зу ҳ айл аз иффати ба занони то ҷ ик хос ма ҳ рум аст, чунончи муаллиф давом меди ҳ ад:

"Чашмони Зу ҳ айл беихтиёр бозувони ҳ амс ӯҳ баташро муоина мекарданд. Ш ӯҳ рат дар тан курта надошт. Шояд ӯ куртаашро барои шустани мошин аз тан бароварда буд. Барои Зу ҳ айл ин а ҳ амият надошт. Ӯ бепарво қ адду қ омати Ш ҳӯ ратро аз н ӯ ги по то тори сар аз назар гузаронд. Китфони зебову хеле қ авиаш аз зери та ҳ п ӯ ши сафед намоён шуда, аз па ҳ лавон буданаш ша ҳ одат медоданд”. (16)

Пас аз он ки қ а ҳ рамонон ба ша ҳ р меоянд, шабе бо ҳ ам вомех ӯ ранд ва Зу ҳ айл, ки Ш ӯҳ ратро ҳ амаг ӣ як бор дида буд, аллакай ба о ғӯ ши вай медарояд:

"Баъди ба ша ҳ р баргаштан он ҳ о шабе вох ӯ рданд. Як шаб коф ӣ буд, ки ҳ аёти Зу ҳ айл чаппагардон шавад. Аз ин р ӯ з эътиборан фикру хаёлаш бо ёди Ш ӯҳ рат банд буд”. (19)

Дар са ҳ ифаи 22 омадааст: "Шаби аввали вох ӯ р ӣ он ҳ о то суб ҳ иш қ варз ӣ карданд”.

Ш ӯҳ рат ҳ амаг ӣ як "бойбачаи олуфта”‑и дузанаи маъшу қ абоз аст, аммо аз ниго ҳ и Зу ҳ айл ӯ барин мард дар ҷ а ҳ он ву ҷ уд надорад:

"Ба назари Зу ҳ айл чунин менамуд, ки ин мард ягона, нотакрор ва бе ҳ амтост. Дар тан ҳ о ӣ зери болоп ӯ ши ма ҳ ин хобида, тан ҳ о Ш ӯҳ ратро ба ёд меовард. Аз ин мард барои худ қ ибла ва аз симои ӯ ҳ айкали орзу ҳ ояшро метарошид. На аз гуно ҳ метарсиду на тавба мегуфт”. (20)

Фар қ и Ш ӯҳ рат аз дигар мардон дар ин сатр ҳ ои каммаънову камранг ифода ёфтааст:

" Ӯ нисбати синну соли худ қ иёфаи ҷ иддитар дошт. Аз рафтору кирдору гуфтораш кас чунин таассурот мебардошт, ки ӯ марди ба а ҳ даш вафодор ва аз сафсаттаг ӯӣ дур аст. На сергап асту на камгап. Кам савол медод. Бештар г ӯ ш мекард, хандааш бе ғ убор буд”. (21)

Дар давоми ин сатр ҳ о маълум мешавад, ки Зу ҳ айли бадахло қ натан ҳ о " қ а ҳ рамони бархе аз қ исса ҳ о”‑и кадом як шиносаш, балки худаш ҳ ам нависанда аст!

"Худоё, р ӯ зе ёди ӯ маро девона мекунад, ‑‑ мегуфт го ҳ о ба худ Зу ҳ айл. Ӯ дили бирёнашро гум карда, шабу р ӯ з болои компютер нишаста, маш ғ ули навиштани романи нав буд. Зу ҳ айл мехост то р ӯ зи таваллуди Ш ӯҳ рат китобашро ба итмом расонда, онро чун рамзи му ҳ аббати хеш ба ма ҳ бубаш ҳ адя намояд”. (21)

Ш ӯҳ рат ҳ ам г ӯ ё оши қ и Зу ҳ айл аст ва аз ҳ амсарони худ ӯ ро тафовут меди ҳ ад:

"‑‑Аз зани якум як писар дорам. Баъди ҷ арро ҳ ии вазнин ӯ дигар фарзанд ба дунё овардан наметавонад ва дардманд аст. Аз ҳ амсари дувумам ду духтарча дорам. Ҳ арду ҳ амсаронам занони хубанд, аммо ту барои ман дигар ӣ . Туро ман умре ме ҷ устам ва аз Худо талаб карда будам. Дар р ӯ и замин гул ҳ о зиёданд, аммо мо аз байни ҳ амаи он ҳ о якеашро мепарастем”. (25)

Зу ҳ айл то дара ҷ ае аз иффат ма ҳ рум аст, ки мехо ҳ ад бо модари Ш ӯҳ рат вох ӯ рда, барои ба дунё овардани чунин писар, ки ба болои ду зан бо дигар зан ҳ о, аз ҷ умла бо худи Зу ҳ айл, иш қ варз ӣ мекунад, миннатдор ӣ намояд:

"Ин шабу р ӯ з яке аз орз ӯҳ ои ни ҳ онии Зу ҳ айл дидани дидори модари Ш ӯҳ рат буд. Ӯ мехост модареро бубинад, ки ҷ авонмарди д ӯ стдоштаашро ба дунё овардааст. Барои хушбахтии худ ба ӯ миннатдор ӣ карда, ба г ӯ шаш гуфтание дошт ба ин маъно:

‑‑Шуморо бо тамоми ҳ астиям д ӯ ст медорам, барои ҳ адяи ҷ онбахшатон. Бале, Ш ӯҳ рат ҳ адяи Парвардигор ва зодаи Шумост, ман пеши поятон сари таъзим фуруд меорам. Худатон намефа ҳ мед, ки ч ӣ қ адар ман Шуморо д ӯ ст медорам барои ӯ , ба ивази ла ҳ за ҳ ои хушбахтиам. Сад қ аи хоки поятон шавам, модари азиз!”. (22)

"Бойбачаи олуфта” дар кадом идора ч ӣ вазифаро адо мекунад, маълум нест. Фа қ ат дар са ҳ ифаи 27 гуфта мешавад:

"Зу ҳ айл медонист, ки кори марди д ӯ стдоштааш бо сар ҳ ад ва оромии хонадонашон, тин ҷ иву амон ӣ ва ободии Ватани азизашон вобастаг ӣ дорад”.

Зу ҳ айл дар чанд маврид зебоии ҷ исмонии Ш ӯҳ ратро васф мекунад, дар ҷ ои дигар ба вай хаёлан муро ҷ иат мекунад:

"Ту зебо нест ӣ ! Не! Вале ин қ адар ботини зебо дор ӣ !” (42).

Хонанда беихтиёр мепурсад: Он қ адар таърифу тавсиф ҳ о ку ҷ о рафтанд? Гузашта аз ин, Ш ӯҳ рат ч ӣ гуна ботини зебо дорад, ва қ те ки со ҳ иби ду зан асту боз маъшу қ абоз ӣ мекунад?

Ш ӯҳ рат ба сафари хидмат ӣ меравад. Дар фурудго ҳ ӯ ро додараш Бе ҳ р ӯ з ва маъшу қ ааш Зу ҳ айл гусел мекунанд. Дар ин ҷ о ҳ ам Ш ӯҳ рат ба Зу ҳ айл мефа ҳ монад, ки вай барояш аз ҳ ама азиз аст:

"Ва қ ти қ айди чипта ҳ о низ расид. Овози зане аз баландг ӯ як мусофиронро ба даромадго ҳ даъват мекард. Ш ӯҳ рат бо тамоми ҳ астиаш Зу ҳ айлро ба о ғӯ ш гирифт. Он ҳ о дар қ афои мошини сабукрав менишастанд ва майли аз ҳ амдигар ҷ удо шуданро надоштанд. Ара қ аз пешонии Ш ӯҳ рат мешорид. Маълум буд, ки ҳ ая ҷ он бар ӯ ғ олиб гаштааст.

‑‑ Ҷ они ман, намехо ҳ ам аз барат дур бошам, аммо зиндаг ӣ моро ба ҳ ар ҷ о мебарад. Кори ман ҳ аминро талаб мекунад. Ман мераваму диламро бо ту мемонам, ҷ ону ҷ игари ман, ‑‑ гуфтан ҳ ои Ш ӯҳ рат дар г ӯ ш ҳ ои Зу ҳ айл тамоми ро ҳ и бозгашт ба хона садо медод”. (27‑28)

Он бего ҳ Зу ҳ айл ба дафтари хотира ҳ ояш э ҳ соси ҷ удоиро ба қ алам меорад ва ҳ амин тари қ г ӯ ё бо Ш ӯҳ рат розг ӯӣ мекунад. Навиштаи вай беш аз 100 са ҳ ифаи китобро фаро гирифта, ҳ атто ба боб ҳ ое мисли "Шаби аввали ҷ удо ӣ ”, "Нимашаб”, "Тирамо ҳ омадааст”, "Бодоми шириндона”, "Махсуми Санги Кулула”, "Ран ҷ урии хотири зану шав ҳ ар”, "Калоти ёрон”, "Ан ҷ ом”, "Гиряи Ҳ о ҷӣ Исмоил”, "Як солу бисту н ӯҳ р ӯ з дар ҷ а ҳ аннам”, "Гул ҳ ои маст”, "Т ӯ мори орзу”, "Интизор ӣ ” та қ сим мешавад. Аксари боб ҳ ои номбурда, мисли тарошаи азбомафтода, ба сужаи қ исса ва ба иш қ у оши қ ии қ а ҳ рамонон комилан дахле надоранд. Масалан, дар чанд боб Зу ҳ айл ба Ш ӯҳ рат оид ба р ӯ згору шахсияти Эшони Шайх, Домулло Му ҳ аммадсаид, Санги Кулула, Нуриддини Паронак ӣ , Исмоил Пирму ҳ аммадзода ва дигар мулло ҳ о, инчунин оид ба во қ еа ҳ ое, ки г ӯ иё ғ айббину вал ӣ будани баъзе аз он ҳ оро исбот мекунанду аз хурофотпарастии муаллиф ша ҳ одат меди ҳ анд, "на қ л мекунад”. Ё, масалан, дар боби "Ан ҷ ом ” оид ба вох ӯ ри ҳ ояш бо ҳ амсари Исмоил Пирму ҳ аммадзода ҳ икоят менамояд, ҳ атто дар се са ҳ ифа (99‑101) марсияи Салими Хатлониро бар вафоти вай, ки аз номи Исмоил Пирму ҳ аммадзода навиштааст, меорад.

Аксар ва қ т Зу ҳ айл ҳ амсарону фарзандони Ш ӯҳ ратро сарфи назар мекунад, худро ягона қ адрдони он "бойбачаи олуфта” ме ҳ исоба д. Чунон ки дар дафтари хотира ҳ о менависад:

"Хобам паридааст. Ҳ ушу г ӯ шам дар дури дури ҳ ост . Ш ӯҳ рат, ту дар сафариву хаёлан ҳ амсафарат гаштаам. Бояд маро ҳ атман дар хоб бин ӣ . Баъд аз модарат ягона зане, ки дар тамоми олам туро ба касеву чизе иваз нахо ҳ ад кард, ин манам. Кош си ҳ ату саломат баргард ӣ . Касе ба мисли ман туро ин қ адар пазмону интизор нест”. (40)

Барои Зу ҳ айл а ҳ амият надорад, ки Ш ӯҳ рат маъшу қ абоз аст:

"Пеш аз ман зан ҳ ои зиёдеро мешинохт ӣ . А ҷ аб не, баъд аз ман низ ёреро навозиш карда, аз лаб ҳ ояш ша ҳ ду шакар чашида ӣ . Оре, ман инро медонам ва парвое надорам. Чунки оянда баъзан барои ман аён аст ва ман медонам, ки дар ҳ аёти ту ягон зан чун ман мартабаи баландро иш ғ ол нахо ҳ ад кард”. (43)

Зу ҳ айл бо Ш ӯҳ рати дузанаи маъшу қ абоз иш қ варзидани худро кори нек ҳ исоб мекунад ва подоши нек интизор аст:

"Р ӯ зе мефа ҳ м ӣ , ки ҷ илои ситораи та қ дирамро ҳ е ҷ р ӯ шан ӣ қ удрати пана ҳ кардан надорад. Дилпурам аз ояндаи хеш, чунки подоши ҳ ама кори нек о қ ибати нек аст”. (43)

Дар р ӯ зи таваллуди Ш ӯҳ рат Зу ҳ айл романашро ба ан ҷ ом мерасонад ва мунтазири занги ӯ мешавад. Ш ӯҳ рат занг намезанад. Зу ҳ айл зи қ шуда, ба қ а ҳ вахонаи "Порт‑Саид” меравад.

"Ху ҷ аини қ а ҳ вахона ӯ ро бо табассум пешвоз гирифт. Зу ҳ айл барои худ ҷ ои торику ма ҳ рамона ёфта, азми нишастан кард, аммо дуртар аз худ Ш ӯҳ ратро бо ҷ авондухтари м ӯ йдарози қ оматбаланде дида, дар ҷ ояш шах шуда монд. Ӯ низ Зу ҳ айлро баробари даромаданаш дида буду худро ба нодон ӣ мезад. ” (173)

Бо ҳ амин сужаи қ исса ба охир мерасад. Асар ба сифати қ исса сужаи кироие ҳ ам надорад. Чунон ки дар боло зикр карда шуд, бештари ҳ икоя ҳ о ба хатти сужа мувофи қ нестанд. Қ исми зиёди ҳ икоя ҳ о низ аксаран на қ ли хушку холианд.

Дар асар бисёр ҷ умла ҳ ое вомех ӯ ранд, ки аз бехабарии муаллиф вобаста ба корбурди калима ҳ о, таркиб ҳ о, маъни ҳ о ша ҳ одат меди ҳ анд:

"Ва қ ти зиёрат ӯ авалу охир аз Худо, баъд аз ҳ амаи пай ғ омбарони р ӯ и дунё, азизону бузургон, ша ҳ идони ро ҳ и равон ва аз арво ҳ и мунтазирон к ӯ мак пурсид”. (11)

" Ӯ аз банди андеша ра ҳ ида, ҳ астиашро тасаллути э ҳ сос фаро гирифта буд ”. ( 20)

"Ку он чашмони пур аз ме ҳ р, то дар ш ӯ ълаи офтоби гав ҳ араки ба ғ уруб сафардоштаи чашмаш ва дар ба ҳ ри умеду орз ӯҳ ояш ғ ар қ и хоб гардам?” (31)

"Го ҳ о ба дари ҳ авлии падар туро бо гардани ка ҷ дида, с ӯ хтаму барои иззати нафсатро қ адршинос ӣ кардан нак ӯ шидам”. ( 32)

"Боз ҳ амсоязан бо овози зебои ғ амангезаш парда ҳ ои аз хан ҷ ари фалаки бера ҳ м харошх ӯ рдаи г ӯ ш ҳ оямро навозиш мекунад”. (41)

"Хона ҳ оро гарм кунед, нону кулчаи бисёр пазед ва чанд р ӯ зе, ки ин ҷ о хо ҳ анд монд , иззати нафсашонро бо э ҳ тиром ба ҷ о оред ”. (50)

"Ма ҷ бурам бо ҳ азору як усули муаддаб номи туро, ҷ амоли зебои ботин атро ни ҳ он дорам”. (53)

" Раиси чорвои но ҳ ияи Қ убодиён шуда кор мекардам”. (63)

"Му ҳ аммадсаиди понзда ҳ сола аз а ҳ ли уламо узр пурсид ва и ҷ озати истоданро кард”. (69)

"Домулло Қ урбони Парвоз ӣ ба фарзандонаш бор ҳ о таъкид мекард, то ба иззату э ҳ тироми авлодаш да қ и қ бошанд . " (79)

"Аммо ва боз аммо ва баъд лекин, ки мо дар бораи авлиё ҳ арф зада, бояд исботи ани қ и сухан ҳ ои худро дошта бошем”. (85)

"Аз таснифоти падарам, ки ихлосаш ба бобоям Домулло Пирму ҳ аммад хеле бузург буд, шунида будам. ” (87)

"Беихтиёр ин мисра ҳ о (шояд сатрҳо?) пайдо шуданд: ‑‑ Зиндаг ӣ муаммоест. Ҳ аргиз ба ягон г ӯ шаи хаёлам намеомад, ки р ӯ зи аз олам гузаштани азизтарини дилам, ҳ амсарам, ҷ ону ҷ игарам дар дури дури ҳ о хо ҳ ад буд. Ӯ ҳ атман маро хоб мебинад. Аммо ч ӣ суд? Ман дигар ӯ ро намебинам”. (93)

" Гул ҳ ои харобу хазони ман . акнун якбора шукуфтанро бас намекарданду дар ғ урраи гул ғ утида меистоданд ”. (121)

"Б ӯ и он гес ӯ вони о ҳ анин ва он қ алби оташинат маро девона мекунад”. (123)

" Ӯ яксолаву пан ҷ мо ҳ а аст, аммо аз дидори р ӯ ям то ҳ ол сер нашудааст . Аслан гирем, одамон то р ӯ зи мурдан аз дидори р ӯ и модар сер намешаванд”. (135)

"Модар маро диду якбора дари хазинаи дарду аламаш кушода шуд ”. (154)

" Ҳ амин ва қ т пиразани масте аз ҷ ойи нишасташ суханони қ абе ҳ гуфтан гирифт. Ӯ то ҳ адди имкон маст буд ”. (160)

Дар баъзе маврид ҳ о ҳ атто истифодаи ҷ онишин ҳ ои шахсии "ту” ва "шумо” мувофи қ ат намекунад. Якчанд мисол:

"‑‑ Рост мег ӯӣ , бобо, ман ба мас ҷ ид меравам. Мабодо раис дер биёянд, хафа нашавед , хуб?” (56)

"‑‑Эра ҷ бойе, Эра ҷ бойе, ҳ амном ҳ оятон ин қ адар бузурганду Шумо дар Ватани худ аз гуруснаг ӣ намурем хуб аст мег ӯ ед , а!? Риз қ и бандаро Худованд дар ҳ ама ҷ о фаровон мефиристад. Афс ӯ с, чашми танги мо, банда ҳ ояш, на ҳ амеша онро мебинад. Шукрро фаром ӯ ш кард ӣ ?” (64)

"Аз р ӯ и э ҳ тиром ба со ҳ ибхона, ки ду‑се сол аз ман калон буд, "Бибим” г ӯ ён муро ҷ иат менамудам ва ҷ авобан ҳ олашонро мепурсидам ”. (89)

"Аллома домулло Нуридддини Паронак ӣ , бо ву ҷ уди бузургиашон , чун ба сухан о ғ оз мекард , аз Махсуми Санги Кулула и ҷ озат мепурсид ”. (112)

"Бибим чунон зебо сухан мегуфтанд , ки ман дар ҳайрат ва аз дидани оби дидагони саршораш гирифтори ғам будам” (96).

Ҷумлаҳои сохта, бебор, маънию мантиқашон хароб зиёданд: ". ҷилои ситораи тақдирамро ҳеҷ рӯшанӣ қудрати панаҳ кардан надорад”, ". деворҳои мулки ишқро бозандудан нашояд!”, ". ба сару либосам нигоҳ накарда, бисёр одами Худотарсу Худоҷӯй ҳастам”, ". решаҳои бодом ба ҳар як китоб навда давонда рафтаанд”, "Худо раҳмат кунад ба равонашон”, "Ман ваколатдорам Шуморо ба масҷид роҳбаладӣ намоям”, ". намешуд, ки ту бо ман бимониву қолабат ба сафар биравар?”, "Кош рӯҳи равонам дар ҳама ҷо кӯмакрасонат бошад”, "Инчунин дӯст намедошт, вақте ӯро гусел мекарданд”, "Ҳаво сард буд. Рӯзона ҳама либоси гарм ба тан доштанд, аммо Шӯҳрат ба сардии ҳавои шаб нигоҳ накарда, бо як куртаи сафеде, ки рахҳои сиёҳ дошт, ба майдони ҳавоӣ омад”, "Ӯ ҳар як ҷумлаашро бо мазмуни сад маротиб баландтар, бо садои бамаротиб ҷаззоб ба забон меовард”, "Дар байни ин ду нафар пуле гаштам овезону назарноаён. ”, "Намехоҳам маро бо нафрат гӯронанд ва чанд сол ё чанд моҳ ё чанд рӯзу дақиқае бошад бе ту зистан мегирам. Ҳоло он ки бе ту тобу тавони умр ба сар бурданро надорам”, ". то дар паҳлӯят будагӣ касро шинохта мегирию мефаҳмӣ, ки умр ҳам гузашта рафт”. Нафаре дар як деҳаи Кангурт мегӯяд: "Биёетон, биёетон. ”

Ал ғ араз , "Бодоми шириндона” асарест аз ҷ и ҳ ати бадеият, бандубаст, мувофи қ ат ба во қ еияти ҳ аёт, корбурди калимаву таркиб ҳ о басо суст. Он муаллифро ҳ амчун нафаре нишон меди ҳ ад, ки аз дониш ва ҳ унари нависандаг ӣ хеле кам ого ҳӣ дорад. Чунон ки дар боло зикраш рафт, дар қ иссаи номбурда тар ғ иби бисёрзанаг ӣ , хурофот, иш қ и бадахло қ она мушо ҳ ида мегардад. Ин гуна асар ҳ о ба ко ҳ иши зав қ и эстетикиву этикии хонандагон мусоидат мекунанд, на ба пешравии адабиёт.

📎📎📎📎📎📎📎📎📎📎