Духтари рус ба сӯи ҳамсинфонаш тир кушод ва 7 нафарро захмӣ кард
Як духтари 13-сола дар минтақи Қургани Русия аз таппончаи газӣ ба сӯи ҳамснфонаш тир кушод ва 7 талабаи синфи ҳафтумро маҷруҳ кард.
Мақомоти Вазорати корҳои дохилии Русия дар ин минтақа гуфтанд, ки ин духтар таппончаи газии падарашро бо худ ба мактаб овард ва рӯзи 21-уми март, ҳангоми танаффуси байни дарсҳо, ҳамсинфонашро ҳадаф қарор дод.
Талабҳои ҷабрдида харош ва захмҳои сиёҳу кабуд бардоштанд.
Нашрияи Znak.com бо такя ба нақли яке аз талабаҳо гуфт, ҳамларо се духтари наврас тарҳрезӣ карданд. Яке аз онҳо таваҷҷӯҳи муаллимро ба тарафи дигар кашид ва дувумӣ дари кабинетро маҳкам кард.
Пулис аз ин ҳодиса гузориш дод ва мегӯяд, мактаби воқеъ дар ноҳияи Шадринск, 1700-километрии шарқи Маскав боз буда, дарсҳо ба таври маъмулӣ идома доранд.
Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед"Бунёди Бузургмеҳр" аз мақомоти Тоҷикистон ба САҲА шикоят бурд
"Бунёди Бузургмеҳр" аз Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (ОБСЕ) хостааст, ба фишору боздошти рӯзноманигорон дар Тоҷикистон расидагӣ кунад.
Ин созмони мустақар дар Аврупо рӯзи 17-уми июн гуфт, дар як моҳи охир дар Тоҷикистон дастикам чаҳор журналисту блогер дастгир ё ба самти номаълум бурда шуда, чанд хабарнигори дигар латукӯб ва таҷҳизоташон рабуда шудааст.
Дар нома ба қазияи Абдуллоҳ Ғурбатӣ, Далери Имомалӣ, Мамадсултон Мавлоназаров (Муҳаммади Султон) ва Хушрӯз Ҷумъаев таъкид шудааст.
“Бунёди Бузургмеҳр” мегӯяд, мақомот онҳоро барои гузоришдиҳии мустақилона ва навиштаҳои танқидомез дар бораи мансабдорон ва пахши иттилои алтернативӣ дар бораи ҳодисаҳои Бадахшон дастгир карданд ё “гирифта бурданд”.
Муаллифони нома аз ҳамла ба хабарнигорону наворбардорони Радиои Озодӣ ва телевизиони “Настояшее время” низ ёд оварданд, ки 17-уми май ва баъди суҳбат бо рӯзноманигору фаъоли ҷомеаи маданӣ Улфатхоним Мамадшоева дар Душанбе сурат гирифт.
"Эътироф"-и Улфатхоним Мамадшоева ва Холбаш Холбашов чӣ мушкил дорад? ВИДЕОҲамлаварон телефону дастгоҳи сабти хабарнигоронро гирифтанд. Мақомот мегӯянд, дар ин замина парвандаи ҷиноӣ кушода, сабабгоронро мекобанд. Дар ҳамин ҳол, як марди ношинос ба яке аз хабарнигорон паём додааст, ки агар аризаи худро пас бигиранд, дастгоҳҳоро бармегардонанд.
Таҳдид ба хабарнигори Радиои Озодӣ. ВКД гуфтааст, дар робита ба ҳамла парванда боз кард“Бунёди Бузургмеҳр” мегӯяд, ин далелҳо “баёнгари афзоиши фишор ба расонаҳову хабарнигорони мустақил дар Тоҷикистон аст”. Масъулони Бунёд гуфтаанд, Тоҷикистон узви САҲА аст ва бояд масъулиятҳояшро дар мавриди ҳифзи озодии баёну риояи ҳуқуқи одамон иҷро кунад.
Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо ҳанӯз ба боздошту маҷбурӣ ба самти номаълум бурда шудани рӯзноманигорон дар Тоҷикистон вокуниш накардааст.
Солҳо боз ҳукумати Тоҷикистонро барои маҳдудияти озодии баён танқид мекунанд. Мақомот, баръакс, бовар доранд, ки даҳҳо рӯзномаву маҷалла ва телевизиону радио фаъоланду касе монеи сухани ҳақ нест.
- Навтаринҳо
- Пешина
"Абу Усомаи Норакӣ" дар Русия ба ҳабси абад маҳкум шуд
Як додгоҳи низомӣ дар Русия Тоҷиддин Назаров, машҳур бо лақаби "Абу Усомаи Норакӣ"-ро аз Тоҷикистон умрбод аз озодӣ маҳрум кард.
Хабаргузории расмии "РИА Новости" навишт, ҳукм 17-уми июн содир шуд. Додгоҳи низомӣ ҳамчунин ӯро ба пардохти 1,5 миллион рубл ҷарима муваззаф кардааст.
Тоҷиддин Назаровро ба тарҳрезии ҳамла дар наздикии Кремлин ва бинои Хадамоти федеролии амнияти Русия ё ФСБ дар соли 2017 гунаҳкор донистанд. Пештар баъзе аз расонаҳои русӣ навишта буданд, ки ӯ қисман ба гуноҳ эътироф кардааст.
Ба иттилои хабаргузории ТАСС, Тоҷиддин Назаров ё "Абу Усомаи Норакӣ"-ро соли 2019 дар Сурия дастгир ва соли 2020 ба Русия супурданд.
Соле пеш, моҳи майи 2021, панҷ шаҳрванди Тоҷикистонро барои ҳамкорӣ бо "Абу Усомаи Норакӣ" ва омодагӣ ба ҳамла ба Ситоди низомии ГРУ, Хадамоти иктишофии Русия, аз 9 то 17 сол зиндонӣ карда буданд. Бино ба гузориши расонаҳои русӣ, онҳо гуноҳро напазируфтаанд. Якеашон ҳангоми мурофиа парвандаро сохта номидааст.
Тоҷиддин Назаров зодаи шаҳри Нораки Тоҷикистон яке аз мубаллиғони фаъоли гуруҳи террористии “Давлати исломӣ” ё ДОИШ буд. Пештар мақомоти тоҷик гуфта буданд, ки ӯ даҳҳо касро ба сафи созмони тундрав ҷалб кардааст.
Номи ӯ дар парвандаи ҳамлаи террористӣ дар Стокҳолм дар соли 2017 низ ҳаст. Ба гуфтаи мақомоти Шветсия, Раҳмат Оқилов, шахсе, ки бо мошини боркаш чанд нафарро дар маркази шаҳри Стокҳолм зер кард, пеш аз ҳамла бо “Абу Усомаи Норакӣ” тамос доштааст.
"Абу Усомаи Норакӣ" кист? ВИДЕО- Навтаринҳо
- Пешина
Мақомот гуфтанд, дар як моҳ дар Бадахшон "16 касро нобуд карданд"
Мақомоти интизомӣ дар Тоҷикистон гуфтанд, дар ҷараёни амалиёт дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон "16 касро нобуд ва 220 нафарро дастгир" кардаанд.
Ин дар ҳолест, ки ба иттилои манобеи мустақил танҳо дар ноҳияи Рӯшони ВМКБ беш аз сӣ кас кушта шудаанд. Ба сабаби набудани интернету мушкили иртиботи телефонӣ дарёфти иттилоъ ва аксу навори бештар аз минтақа мушкил аст.
Ситоди байниидоравии таъмини амният ва тартиботи ҷамъиятӣ дар ВМКБ шоми 17-уми июн гуфт, ин афрод ҳангоми муборизаи мусаллаҳона нобуд карда шуданд, аммо баъзе шахсони наздик ба онҳо ин фарзияро намепазиранд.
Амалиёти махсуси мақомот дар шаҳри Хоруғу ноҳияи Рӯшон 18-уми майи имсол ва пас аз тазоҳуроти сокинон оғоз шуд.
Мардум мегӯянд, ин афрод ба ҳимояти ҳуқуқи худ ва иҷрои чанд талабашон, аз ҷумла таҳқиқи мӯшикофонаи қатли Гулбиддин Зиёбеков, сокини ноҳияи Роштқалъа, ба кӯчаҳо баромада буданд. Намояндагони ҳукумат бовар доранд, онҳо бо аслиҳа таъмин буданду барои ташкили бетартибӣ аз хориҷа дастур гирифта буданд.
"Дар рафти амалиёти махсус дар умум нисбат ба 53 нафар парвандаи ҷиноӣ оғоз гардид," -- гуфта шудааст дар эъломияи Ситод.
Мақомот нагуфтаанд, ки амалиёт дар Бадахшон хотима ёфт не, аммо эълон кардаанд, ки “ҳамин тариқ. фаъолияти гурӯҳҳои муташаккили террористӣ дар қаламрави вилояти Бадахшон ба пуррагӣ қатъ карда шуд.”
Фаъолон дар дохилу хориҷ истифодаи истилоҳи "гуруҳҳои террористӣ"-ро дар ин маврид дуруст намешуморанд, балки онҳоро бештар "афроди норозӣ" меноманд. Мақомот дар як моҳи охир дар бораи кашфу мусодираи даҳҳо силоҳ ва ҳамлаи ба гуфтаашон мусаллаҳона дар ноҳияи Рӯшону шаҳри Хоруғ хабар доданд. Тасдиқи мустақилони иттилоъ аз манобеи дигар ғайриимкон аст.
Рӯзи 15-уми июн чанд сокини ноҳияи Рӯшон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки даҳҳо мошини низомӣ ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро тарк кардаанд.
Танишҳо дар Бадахшон моҳи ноябри соли гузашта ва баъди он авҷ гирифт, ки дар натиҷаи амалиёти нерӯҳои амниятӣ Гулбиддин Зиёбеков, сокини Роштқалъа, кушта шуд. Дар ҷараёни тазоҳуроте, ки баъди он бархост, ду нафари дигар ба ҳалокат расиданд ва 17 нафар ҷароҳат бардоштанд.
Чандин созмони ҳомии ҳуқуқ ва кишварҳои ғарбӣ дар пайванд ба ҳодисаҳои Бадахшон ибрози нигаронӣ карда, аз ҷонибҳо хоста буданд, оштӣ кунанд ва аз мақомот талаб намуданд, ки аз истифодаи зиёди нерӯву силоҳ худдорӣ варзанд.